Рӯзе, ки Табиат мегирист



                                                                         (новелла)


     Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунуни гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.
   Меруфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
   Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷизи инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
   Мешорид... Мешорид... Мешорид...
   Мегирист...Мегирист...Мегирист...
   
Чун модари фарзандонашро яғмогарон рабуда, чун маъшуқаи маҳбубаш тарк карда, чун маҷрӯҳи оғуштаи хуни хеш гашта, чун тифли дар биёбон бесоҳиб монда... Ин ашкон, андӯҳу сӯзиши ботин, нолаву фиғони дилрешкунандаи рӯҳи озорёфта, рӯҳафтодагию оҷизии ба марзи вопасин расида, бекасиву танҳоии ғамфизоро бо ҳам омезиш дода як навҳаи ҳузновари рӯҳро карахсозандаеро ба фазо танинандоз менамуданд.
   Мегирист...Мегирист...Мегирист...
   Ту шоир мағруру масрурӣ, ки номи хешро абадан дар дафтари сарнавиштҳои ман сабт хоҳӣ кард! Оҳ, то чӣ дараҷа ту соддаву гӯлӣ! Тӯфонҳои ман тамаддунҳои абадиву шоҳони чаҳонӣ, қасру кӯҳандизҳои аз санги мармар сар ба гардун барафрохта китобу осорҳои санъате, ки муаллифонаш орзуи абадиятро доштанд, номҳои ҳотамкорикардашудаву хотироти беназир, сарнавиштҳои вокеъанигорон бо нияти умри тӯлони нигошта миллатҳои даъвои сармиллатикунандаву нобиғаҳои сайёраро сарнагунсозанда, бузургони гетиро ба савдо гузоранда - ҳамаро вожгун сохтанд ва аз он шаҳомоту азамат заррачаҳои ноаёне монданд, ки онро ворисон дар зери пурбин мебинанду бас! Ту боваврии комил дорӣ, ки гузаштаи ниёгонатро то ҷузъиётҳои ноаёнтарину саҳеҳтаринаш медонӣ? То чӣ дараҷа худбоварии аблаҳона! Аҷдодонатро низ ин манманӣ ба жарфои таназул равон сохта буд! Дар дастони нафису латифат ҳамагӣ барои 8 - 9 ҳазор соли вопасин маълумоти  носаҳеҳу норавшане дориву бас. Гузаштаат куҷост? Хомӯшӣ? Онон ҳам ту барин танҳо як мақсади маҳдуду ночизи ҳаётӣ доштанд - бо ҳар роҳе, ки набошад номи хешро абадан дар дафтари таърих сабт намудан ва Герострат яке аз он миллионҳо "беморон" буд. Дар чамъомадҳою шабнишиниҳо ваъзҳои пурдабдабаи нӯшбодӣ мегуфтанд, ба бонуҳои ҳурсимою малеҳтарин шеъру достонҳо қиссаву романҳои асрро мебахшиданд. Мусаввирону ҳаккокон бо ҳазоу як сабк чеҳраҳояшонро менигоштанд, ҳайкалтарошон пайкарҳои чун Аполлон зебояшонро дар мису хоро, мармару зар инъикос менамуданд, то ниёгон онҳоро пос доранду гоҳе дар кохи муқаддас - ноосфера хайру мақдамашон бигӯянд. Вале... Вале куҷоянд он гаҳворашон аз само фаромадагон? Куҷоянд он зару зевар, кӯҳандизу қаср, осору тамаддунҳои бо умеди умри ҷовидонӣ ба арзи вуҷуд оварда? Куҷоянд?
   Хомӯшӣ? Ку бурҳонҳои қотеъат? Оё ту нерӯи аҷдодонатро дифо намуданро  дорӣ? На! Дилетанти ба симои хеш ниқоби хирадмандиро кашида! Ту хасестӣ,ки болои амвоҷи уқёнус медавӣ, вале худро кашшофу донандаи асрори зери он мепиндорӣ.  
   Растохезҳои даҳшатангезе, ки  дар бадани пора- пораи хунини ман зуҳур намуданд, он худмағрурон, худкӯрон, худношиносонро ба вартаи ҳалокати хеш даркашиданд, то аз он кӯрнамаку хиёнатгарон ному нишоне намонад...
   Дар оғӯши хеш он фарзандонам абадӣ маъво хоҳанд гирифт, ки дар бадбахтиву хушбахтӣ, ғаму андуҳ, гармиву сардӣ, нокомию нокасиҳо, ҳамеша бо ман буданд, ба рӯҳи беморам ғизои маънавӣ мебахшиданд, пайкари маҷрӯҳу зерипошудаамро тармиму табобат месохтанд, дар танҳоию рӯҳафтодагиҳо роздону ҳолдон буданд! Онҳо ҳар як гомашонро чун ту ба ҳисоби фоидаву зарар андоз наменамуданд! Ба оҷизе, ки дигар нерӯи ба пой истоданро надорад, бо нияти оянда аз ӯ манфиате ситондан даст дароз наменамуданд. Хушбахтӣ ва мояи ягонаи ҳаёташон ба атрофиёну наздикон кӯмак овардан, монеъаҳои дар сари роҳи аҷдодонашон хуфтаро сипарӣ намудан, ҳаёти хешро барои ғояҳои олӣ фидо намудан, ҷонашонро баҳри наздикону номусу ном нисор сохтанро барномаи ҳаёти хеш меҳисобиданд.



    Матушка  моя – Земля, люблю тебя

                                                      ( новелла )



      Матушка Земля, как сумасшедшая, Любит нас,  - своих блудных,  неблагодарных, и полоумных... детей.       На ее беспредельную  Материнскую Любовь мы отвечаем – надругательством, издевательством, унижением, оскорблением. Делаем вид, будто Ее не существует в этом помешанном материальном мире, основная цель,  которая для  потомков Адама и Евы – стало удовлетворение  наземных желании.
      Сколько их было, потомков изгнанных душ из Эдема, которые провели свое детство   в  Ее Материнских Объятиях?   Мистики, эзотерики  говорят, что 666 миллиард  душ провели свое младенчество в Ее объятьях.. А в Судный День только  66, 6 миллиард душам предстоит  держать ответ  у Владык Кармы. 
    Грозные  пучины Матушки – Земли проглотили Лемурию и Атлантиду.  Потоп эпохи  Ноя, полностью очистил Ее израненное Тело от неблагодарных потомков.  Небесный огонь,  уничтожил города разврата Садом и Гоморру…. Город Помпеи и его жителей мигом проглотила шести метровая лава...   Все эти – катастрофы и катаклизмы  не стали для потомков Адама и Евы уроком. Для нас страшные страницы истории предков,  кажется очередным ужастиком мастеров иллюзии из Голливуда, не более. Творец сотворил Мадлену, чтобы человечество провело свое детство на  голубой планете находящейся на окраинах галактики Млечный Путь. Но мы неблагодарные   потомки Адами и Евы вместо благодарности все разрушаем, крушим, уничтожаем, а себя объявили собственниками планеты. На каком основании? Если Матушка Земля пожелает, в мгновение ока скинет - нас самозванцев со своего обруганного и израненного  тела. В результате  сумасбродной человеческой  деятельности ее тело  превратилось в свалку психических и материальных отходов. Она  могла бы  в миг  превратить человечество в биомассу пригодную для питания низших организмов. Но она:
Она  боготворит нас!
Она  обожает нас!
Она, как Мать  питает нежные чувства к нам!
ОНА ЛЮБИТ НАС!!! ОНА ЛЮБИТ НАС!!! ОНА ЛЮБИТ НАС!!!
ДА! ОНА ЛЮБИТ НАС! Для нас - пропитанными



                           Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт




                                                                                        

                                                               (новелла)


    Садои зангула аз интиҳои дарс паём дод. Ӯ ҳамоно банди андешаву хаёлоти хеш менишаст. Норозиёна китобу дафтарҳояшро гирд оварда аз зери миз дипломатро берун кашид. Дохили он садбарги сафедеро дида дар шигифт бимонд. Бо таҳайюр синфро аз назар бигзаронд, бидуни ӯ касе набуд. Зери гул табрикномаи мусаввире мехобид: 
"Бениҳоят мамнунам, ки Язди офаридгар ту барин инсонеро андар ин рӯзи саид эҳё бинмудааст. Маҳинбону, ин садбарг дар сафеди дили покатро мемонаду дар назокату латофат низ туро. Хоҳони онам, ки табассумҳои дилфиреб лабонатро, хандаҳои самими рухсораҳоятро ҳамеша мунаввар бисозанд". Ва дар анҷом:"Оне, ки туро мепарастад", нигошта шудааст. Зуд ҳамаро пинҳон сохт.Дастони нафисаш чеҳраи арғувонигаштаашро пӯшонид. "Худоё, ин ҳадяи кист? Зодрӯзашро ба касе нагутааст ку... Пайдо шудани фаррош водор бинмуд, ки синфро тарк гуяд. Ҳаяҷону изтироб оромаш намегузошт, симоҳои мухталифро пайи ҳам пеши назар меовард, то чеҳраи  маҷнуни зери ниқобро муайян бисозад, вале ин муяссар намегашт. Бори дувум аст, ки аз нишастгоҳаш садбарги сафедро дармеёбад. Мартабаи нахуст ҳангоме, ки дар озмуни ровиён пирӯзӣ ба даст овард, аммо он вақт анҷоми поизу гулҳо ҳануз шукуфон буданд ва он бозёфтро тасодуф пиндошт, лекин дар ин зимистони қаҳратун садбаргро аз куҷо меёбанд.
Шаҳрчаи аз марказ дар канор афтодаи онҳо на дӯкони гулфурӯшиеро  дошту на гармхонаеро. Дар ин аём роҳи ағба ҳам баста мешуд... Вориди ҳавли гаштанашро нафаҳида монд. Гарчанде, ки дар кулба фарде набуд, дарро аз дарун қулф зад. Гулро тулони  назора бинмуд, гӯё кунун садбаргро  медид ва наздик овардав бӯй кашид, наҳкати гуворое рӯҳу ҷисмашро фаро гирифт. Аз ин рафтор хеш шарм намуд, монанди он ки ба кори номатлубе  даст зада бошад. Бори дигар табрикномаро бихонд. Хаёлот ӯро ба фазои хеш даркашиду боз ба ҷустуҷӯйи  маҷнунӣ зери пардаи асрор монда пардохт. Ба ёдаш нигоҳои шармгинонаи Ромин бирасиданд. Шояд ин кори ӯст? Ин шахсияти асроромез соле пеш дар синфашон пайдо шуд. Мегуфтанд, ки падараш ҳавонаварди низомӣ будааст ва ҳангоми набард, муҷоҳиддини афғон чархболашро сарнагун месозанд ва он ба кӯҳ бархӯрда оташ мегирад, падараш ба хеш наомада дар табобатгоҳи сипоҳиён ҷон медиҳад. Пас аз ин фоҷиа бо модару хоҳарчааш ба назди бобояш кӯчида омаданд. Дар дониш касе бо ӯ бо баробар шуда наметавонист, кам сухан менамуд, бо касе  дӯстӣ ҳам надошт, соатҳои дароз танҳо менишаст, - ин сифатҳояшро аксарият намеписандиданд ва ақида доштанд, ки ӯ ғараи хеш аст. Дар ниҳонаш баҳри ойнак монда гаштанаш "ачкарик" мегуфтанд. Вале рӯйдоде  аҳли синфро дар ҳайрат бигузошт. Дарси таърихро дар синфи онҳо Ҳакимали Ёров мебурд. Дар ҳузури ӯ касе сухани барзиёде  ба забон оварда ва ҳатто  ба ӯ нигариста наметавонист. Агар ӯро дар кӯча дучораш оянд, мекушиданд, ки бар чашмаш наафтанд, ҳатто Аҳрор, ки  дар мактаб ҳама аз ӯ метарсиданд худро аз Ёров канор мегирифт. Боре ҳангоми дарс Ёров Роминро аз ҷояш бархезонд.

                                                   Буте, ки дил мехӯрд


                                                                         (новелла)

    

       Пироҳани нафис пайкари саврандомро ба оғӯш кашида аз ин гӯё чун Маҷнуни ба висол расида хушнуду масрур аст. Ангуштони нозуки акобирона ба даҳони латиф оҳиста пораи дили бирёнро мегузорад, дандонҳои оҷмонанд сонияе пас ба пора намудани он мепардозанд. Симои дилрабову падидае аз ғаму андӯҳи дунявиро дар хеш таҷассум насохта дар лаҳзаи нахустини дидор касро афсун намуда хирадро карахт месозад ва он ҳине ки ба худ омада ба таҳлили ин шоҳкории табиат оғоз менамоед, шуморо даҳшати ниҳоние фаро мегираду дар бадан рашъа медавад. Ин эъҷози зиндаи даҳр дар чашмони наргиси шаҳло сардии нафратангезеро нисбати инсон сабт намудааст. Маликае, ки азамати нерӯи маҳвсозандаи худро дарк месозаду ҳазорон ҷонҳое, ки баҳри нақшаҳои худпарастонаву волояш фидо мешаванд, ба сони пари пашшае дар мадди назараш, арзише надорад. Худоё, баҳри чӣ ба ин "язди заминӣ" аслиҳаи даҳшатангезеро ато намудаӣ, ки ҳусн ном дорад? Силоҳе, ки сари сабзи родмардони бешумореро ба қурбонӣ биовардааст ва аз ин ҳатто мижае ба ҳам намезанад. Ин сонияҳо дар лабони майгуни чун муғчаи гули арғувонӣ вошаванда табассуми таҳқиромезе падид меояд. Ба ҷом бодаи ноб рехта, ба пораи дили вопасин дар зарф монда, ки сарнавишти хешро интизор аст, бо тамасхури сард нигарист. То кунун ягон диле, ки баҳраш фидо кардаанд чунин лазизу дилкаш набуд. -Оҳо, чӣ гуна ӯро хору зор нанамудааст, вале боз шайдову бандаи ӯст. Ӯ худои ҳусн аст, ҳамагон бояд дар наздаш сари таъзим фуруд биоваранд, парастишаш кунанд, мафтунаш шаванд, суханҳои ширину гувор бигӯяндаш, гулҳои зебову атриннаҳкат, пероҳани нафису назаррабо хадя бинмоянд, қиссаву достонҳо дар васфаш бинвисанд, ҷонҳои азизи хешро баҳраш бисупоранд, сухане, ки аз даҳони ӯ ҳоло ба фазо бол назадааст, филфавр амалӣ бигардад. Имрӯз зи Маҷнуни ягонае, ки ҳамаи саддаҳои вогузаштаашро сипарӣ бисохт аз ҳама чизи волотарин дилашро дархост ва ӯ сонияе наандешида он дили абгору сӯхтаву пора - пораи хуншорро барканду бурун овард ва ба наздаш бигзошт. "Эй одамӣ, наход дар кохи хаёлотат умеде зуҳур намудааст, ки ман насиби ту бишавам, ин фикри пучро зи сар дур бисоз! Худоё, бо ин ҳусни оламсӯз магар ҳамнишину роздони инсон бишавад! Аблаҳ! Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа"... Чӣ хандаи мудҳишу бераҳмонае! -Эй хуношомида, ту худ зодаи инсонӣ, ин ханда баҳри чист? Ё шаҷараи ту аз Чингизу Темур оғоз мегирад? Аз шахсияти ночизу оҷизи хеш худо масоз!